Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 8 суриягӣ бо шиносномаҳои тақаллубии Булғористон


Фурудгоҳи Остонаи Қазоқистон
Фурудгоҳи Остонаи Қазоқистон

Мақомоти Қазоқистон 8 шаҳрванди Сурияро бо гумони истифодаи шиносномаҳои қисман дастхӯрдаи Булғористон, ҳангоми вуруд ва хуруҷ аз Қазоқистон, боздошт карданд.

Хадамоти амнияти миллии назорат бар марзҳои Қазоқистон мегӯяд, 6 суриягӣ рӯзи 22-юми август аз Теҳрон ба Алмаато омаданд ва ҳангоми гузаштан аз назорат шиносномаҳои "қисман дастхӯрда"-и Булғористонро пешниҳод карданд.

Ба гуфтаи хадамоти марзбонӣ, саҳифаи аввали шиносномаҳо, ки ҳуввияти шахсро маълум мекунад, иваз шуда, баъзе мӯҳрҳои убуру мурур низ сохта буданд. Суриягиҳо гуфтанд, ки мехоҳанд худро то Иттиҳоди Аврупо расонанд.

Мақомот ду шаҳрванди дигари Сурияро рӯзи 21-уми август дар фурудгоҳи Остона гирифтанд, ки онҳо низ шиносномаҳои дастхӯрдаи Булғористонро доштанд ва мехостанд ба Лондон раванд.

XS
SM
MD
LG