Додгоҳи Первомайскии шаҳри Бишкек аризаи додситонии кулли Қирғизистонро қонеъ кард ва фаъолияти телевизиони “Сентябрь”-ро баст. Қарори додгоҳ рӯзи 22-юми август содир шуд. Бовар меравад, ки ин телевизион ба таври ғайрирасмӣ ба сиёсатмадори зиндонӣ Омурбек Текебоев марбут аст.
Додситонии кулли Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, чунин тасмим “бинобар пахши маводи экстремистӣ дар ин телевизион” гирифта шудааст. Ариза баъди он ирсол шуд, ки собиқ сардори Раёсати умури дохилии вилояти Уш Абдилдӣ Ғаффоров дар телевизиони “Сентябрь” изҳорот дод ва нахуствазири вақт Сооронбой Ҷеенбеков худро таҳқиршуда номид.
Дар ҷараёни мурофиа, ки бидуни ҳузури вакили дифоъ ва намояндаи расмии шабакаи телевизионӣ баргузор шуд, сардабири он Канишой Момирқулова иштирок кард. Дар мурофиа ҳоли ӯ бад ва барои кумак “Ёрии таъҷилӣ” даъват шуд. Аз ҷониби айбдоркунанда дар мурофиа кормандони додситонии кулл ва намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳам Оҷонсии давлатии мухобирот иштирок карданд.
Дар як барномаи моҳи сентябри соли 2016-и ин телевизион Абдилдӣ Ғаффоров гуфт, ки “Сооронбой ва Асилбек Ҷеенбековҳо эҳтимол барои ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 се миллион доллари ҳукуматро сарф кардаанд”. Ҷеенбековҳо баъдан ин хабарро як тӯҳмат хонда, дар додгоҳи зидди Ғаффоров дастболо шуданд. Ғаффоров аз апрел то июни соли 2010 сардори Раёсати умури дохилии Уш буд.
Сооронбой Ҷеенбеков аз апрели соли 2016 то дирӯз нахуствазири Қирғизистон буд ва ҳоло аз ҳизби ҳокими сотсиал-демократ номзади интихоботӣ пешбарӣ шудааст. Бародараш Асилбек Ҷеенбеков раиси порлумон буд ва ҳоло раиси ҷиноҳи ҳизби ҳоким дар порлумон мебошад.