Пайвандҳои дастрасӣ

Гумонбари ҳамлаи Барселона боздошт шуд


Раҳбари пулиси минтақавии Каталония Ҷозеп Луис Траперо

Нафаре, ки 14 нафарро бо мошини боркаш дар маркази Барселона ҳалок кард ва ба беш аз 100 нафари дигар осеби ҷисмонӣ расонд, боздошт шудааст. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи дешанбе гузориш дод.

Ҳамлагар Юнус Абу Яъқуб муаррифӣ шудааст, ки 22 сол дорад ва зодаи Марокаш аст. Ба маълумоти пулис, гумонбар ронандаи мошинро кушта, баъдан бо ҳамин мошин аз саҳнаи ҷиноят фирор кардааст.

Имрӯз ҳамчунин маълум шуд, ки теъдоди қурбониён ҳамлаи террористӣ дар Барселона ба 15 нафар расид: 14 нафар дар Барселона ва як нафар дар Камбрилс. Ба гуфтаи тафтишот амали террористиро як гурӯҳи бузурги тундгаро аз пеш омода карда буд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" бар дӯш гирифт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG