Пайвандҳои дастрасӣ

800 нафар аз Бадахшон ба Суғд меҳмонӣ рафтанд


Муҷассамаи Нақибхон Туғрал дар маркази ноҳияи Айнии вилояти Суғд

Ҳафтаи фарҳанги Бадахшон дар вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ шурӯъ шуд. Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд, рӯзи 21-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки меҳмонон аввал мақбара ва осорхонаи шоири тоҷик Нақибхон Туғралро тамошо карданд.

Ба иттилои Юнусов, барои иштирок дар маҳфилу чорабинии рӯзҳои фарҳанги Бадахшон дар Суғд беш аз 800 меҳмон омадааст. “Онҳо рӯзи 22-юми август аз ноҳияи Айнӣ дар ҳайати чор гурӯҳ ба шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияи Ҷаббор Расулов меоянд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Дар чаҳорчӯби ҳафтаи фарҳанги Бадахшон дар амфитеатри Қасри Арбоби Хуҷанд баргузории консерти муштараки ҳунарварони Суғду Бадахшон дар назар аст. Интизор меравад, ин беҳтарин ва ҷолибтарин барномаи рӯзҳои фарҳанг барои мардум боз хоҳад буд.

Ба гуфтаи масъулони раёсати фарҳанги Суғд, тибқи барнома ҳафтаи фарҳанги Бадахшон дар Суғд шоми 25-уми август дар чойхонаи миллии Қасри Арбоб бо консерти ҳунарварони вилояти Суғд ва зиёфате анҷом хоҳад ёфт. Баргузории ҳафтаи фарҳанги Бадахшон дар Суғд бори аввал ва ҷавобан ба доир шудани ин гуна маърака дар ВМКБ роҳандозӣ мешавад.

Соли гузаштаи 2016 як ҳайат аз вилояти Суғд, иборат аз 200 нафар, ки он умдатан аз аҳли ҳунар ва фарҳанг ва намояндагони мақомот иборат буд, ҷиҳати иштирок дар ҳафтаи фарҳанги Суғд дар Бадахшон ба ин минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон рафта буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG