Пайвандҳои дастрасӣ

“Профилактика”-и 10 идора. Оҷонсии зиддифасод аз мардум кумак мехоҳад


Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дархост кардааст, ки арзу шикоятҳои хешро дар мавриди фаъолияти 10 вазорату идораи давлатӣ ба унвонии ин ниҳод фиристанд. Оҷонсӣ тасмим дорад, дар фурсатҳои наздик фаъолияти ин идораҳоро мавриди санҷиш қарор дода, “хавфи амалҳои коррупсиониро” ошкор созад.

Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад.

Дар Оҷонсии зиддифасод рӯзи 20-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар миёни идораҳои мавриди санҷиши онҳо Вазорати молия, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва вазорати меҳнату шуғли аҳолӣ шомил ҳастанд. Кумитаи сармоягузорӣ, кумитаи занон, ҷавонон ва телевизион ва радио низ мавриди таҳлили Оҷонсӣ қарор хоҳанд гирифт.

Оҷонсии зиддифасод бо нашри рақами телефон ва имейли кормандони масъулаш дар вебсайти расмии худ аз мардум хостааст, ки дар мавриди кори ин идораҳо, саривақт баррасӣ шудани муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияташон ва, инчунин, кори торнамои расмиашон маълумот бидиҳанд.

Бинои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон
Бинои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ барои Оҷонсии зиддифасод салоҳият ва вазифаи нав аст, ки тибқи як қарори ҳукумати Тоҷикистон дар поёни соли 2016 тасвиб шудааст. Ин гуна санҷишҳои оҷонсӣ бештар хислати пешгирӣ ва ё “профилатика”-и коррупсияро дорад.

Ин шеваи нави кори Оҷонсии зиддифасод пас аз оне рӯи даст гирифта шуд, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҷамъбасти кори ҳукумат гуфта буд, оҷонсӣ бештар бояд барои пешгирии фасод талош кунад.

Тоҷикистон соли 2006 Шӯрои муқовимат бо коррупсия ва ба дунболи он Оҷонсии мубориза бо фасодро таъсис дод. Дар оғоз ин Оҷонсиро Шерхон Салимзода ва баъдан Абдуфаттоҳи Ғоиб раҳбарӣ карданд. Дар соли 2015 ба раёсати ин ниҳод Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон омад ва каме беш аз як сол дар ин ниҳод машғули кор буд.

Баҳори имсол даҳ корманди масъули Оҷонсии зиддифасод, аз ҷумла муовини раис Давлатбек Хайрзода ва сардори собиқи раёсати тафтишотӣ Фирӯз Холмуродзода боздошт шуданд
Баҳори имсол даҳ корманди масъули Оҷонсии зиддифасод, аз ҷумла муовини раис Давлатбек Хайрзода ва сардори собиқи раёсати тафтишотӣ Фирӯз Холмуродзода боздошт шуданд

Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад. Ба гуфтаи масъулони ин созмон, далелҳо нишон медиҳанд, ки “ришвахорӣ дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад”.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG