Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбакистон ду ҳайкали Ислом Каримовро сохтанд


Мақомоти Узбакистон дар шаҳрҳои Тошканду Самарқанд муҷассамаи раиси ҷумҳури нахустини ин кишвар Ислом Каримовро омода кардаанд. Қарор аст, пардабардорӣ аз ин муҷассамаҳо ба зудӣ баргузор гардад.

Як ҳайкали Каримов дар назди “Оқсарой” – қароргоҳи президенти пешини Узбакистон ва дигаре каме дуртар аз майдони “Регистон” қомат афрохтааст. Гуфта мешавад, ба зудӣ муҷассамаи севуми Ислом Каримов дар маркази шаҳри Қаршии вилояти Қашқадарё гузошта хоҳад шуд.

Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон, моҳи сентябри соли гузашта бар асари сактаи мағзӣ дар 78-солагӣ даргузашт.

Ӯ аз соли 1989 то дами марг зимоми қудрат дар Узбакистонро бар дӯш дошт ва низоми худкомаро дар ин кишвари сернуфуси Осиёи Марказӣ ҳоким карда буд.

Дар замони раҳбарии Каримов тамоми хабарнигорони мустақил ва мухолифони сиёсиаш аз байн рафтанд, зиндонӣ шуданд ва ё фирорӣ гардиданд.

XS
SM
MD
LG