Пайвандҳои дастрасӣ

"Шоҳидони Яҳуво" дар Русия сомони мамнӯъ эълон шуд


Ҷамъияти Шоҳироди Яҳуво

Вазорати адлияи Русия гурӯҳи мазҳабии "Шоҳидони Яҳуво"- ро ба рӯйхати созмҳонҳое ворид кард, ки фаъолияташон дар қаламрави ин кишвар манъ шудааст. Вазорат рӯзи 17 август дар сомонаи расмиаш навишт, ки ин қарор дар чаҳорчуби татбиқи қонун дар бораи сомонҳои тундрав гирифта шуд.

Дар вазорати адлия гуфтанд, ки мамнӯъият ба "Маркази идории Шоҳидони Яҳуво" ва 395 бахши минтақавии ин сохтор пахш мешавад.

Рӯзи 17 июл Додгоҳи олии Русия "Шоҳидони Яҳуво"-ро созмони эктремистӣ эътироф кард ва фаъолияташро дар қаламрави кишвар манъ намуд. Созмони "Шоҳидони Яҳуво" теъдоди пайравонашро дар Русия 170 ҳазор ҳисоб кардааст.

Дар як қатор шаҳрҳои Русия аз рӯи фаъолияти ин созмон баъди қарори додгоҳ ва "мушорикат дар фаъолияти он" парвандаҳо боз шудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Чаҳор гуштигири тоҷик, ки аз Корея барнагаштанд, киҳоянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:45 0:00
XS
SM
MD
LG