Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳофизи Туркманбошӣ дар маҳбас мурд


Оқмурод Раҷабов - муҳофизи Сафармурод Ниёзов
Оқмурод Раҷабов - муҳофизи Сафармурод Ниёзов

Окмурод Раҷабов, сардори пешини хадамоти муҳофизони президенти Туркманистон 10 август дар зиндон вафот кард. Ӯ соли 2007 бо айби даст доштан дар ҷиноятҳои иқтисодӣ ба муҳлати 17 сол зиндонӣ шуда буд.

Ба навиштаи маркази ҳомии ҳуқуқи "Мемориал"-и Русия, ҷасади Раҷабов мақомот ҷасади Раҷабовро ба хонаводааш супурданд. Ҷанозаи ӯ рӯзи 17 август баргузор мешавад.

Окмурод Раҷабов сар аз соли 1985 бахши муҳофизати шахсии президентро дар Кумитаи амнияти миллии Туркманистон бар уҳда дошт. Гуфта мешавад, ки баъди марги президент Сафармурод Ниёзов дар моҳи декабри соли 2006, Раҷабов дар интиқоли қудрат ба президенти феълии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов нақши калидӣ доштааст.

5 майи соли 2007 Раҷабов "дар робита ба кори дигар гузаштан" аз мақомаш барканор шуд. Баъдан ӯро дар ташкили гуруҳи ҷиноӣ айбдор карданд.Тафтишот гуфта буд, ки гуруҳи Раҷабов дар давоми 12 сол ба хариду фурӯши маҳсулоти тамоку, гирифтани пора дар ҳаҷми зиёд, фаъолияти монополӣ, тақаллубкорӣ, тамаъҷӯӣ ва саркашӣ аз пардохти андозу пардохтҳои гумрукӣ машғул будааст. Охири ҳамон сол Додгоҳи олии Туркманистон Раҷабовро 17 сол зиндонӣ кард.

Солҳои охир номи ӯ дар санадҳои маъракаи байналмилаии "Онҳоро зинда нишон диҳед" зикр мешуд. Ин маърака ифшои иттилоъ дар бораи бештар аз 100 "зиндонии махсус"-ро, ки тӯли 15 соли охир дар зиндонҳои Туркманистон беному нишон шудаанд, ҳадаф дорад.

XS
SM
MD
LG