Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Улукаев раҳбари "Роснефт"-ро ба таҳрики ришваситонӣ муттаҳам кард


Алексей Улукаев ва Игор Сечин
Алексей Улукаев ва Игор Сечин

Вазири пешини рушди иқтисоди Русия Алексей Улукаев раҳбари "Роснефт" Игор Сечинро ба тавтеаи ришваситонӣ муттаҳам кард.

Улукаев рӯзи 16 август дар мурофиаи додгоҳи Маскав парвандаи ришвахориро бофтаву сохтаи муфаттишон унвон кард ва гуфт, ки тамоми инттиҳом танҳо бар пойяи нишондодҳои Сечин бунёд ёфтааст. Ба гуфтаи вазири пешин, дар ин тавтеа Хадамоти федеролии амният ва раҳбари хадамоти амнияти "Роснефт" Олег Феоктистов даст доранд.

Ба маълумоти тафтишот, Улукаев барои арзёбии мусбати муомилоти харидории "Башнефт" 2 миллион доллар талаб кардааст. Ӯ моҳи ноябри соли гузашта дар дафтари "Роснефт" боздошт шуд.

Аммо Улукаев мегӯяд, интиқоли борхалтаи пулро кормандони ФСБ , ки Сечин аз мавриди ришваситонӣ ба онҳо хабар дод, пеш аз пеш барномарезӣ карданд. "Азбаски ришваситонӣ сурат нагирифт, Сечин худаш занг зад ва маро ба дафтари корияш даъват кард"- гуфт Улукаев дар додгоҳ.

Вакилони вазири пешин аз додгоҳ мехоҳанд, ки парвандаи ӯро барои бознигарӣ ба додситонӣ бифиристад.

Рӯзи 8 август додгоҳ ҳабси хонагии Алексей Улукаевро то 27 январ тамдид кард.

XS
SM
MD
LG