Пайвандҳои дастрасӣ

Зиндониҳо бо хешони худ аз тариқи видео гуфтугӯ мекунанд


Маҳбаси нави Узбакистон дар ноҳияи Зангиотаи минтақаи Тошканд

Зиндониҳо дар Узбакистон метавонанд аз ҳаққи гуфтугӯи видеоӣ бо наздиконашон бархӯрдор шаванд. Раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев охири ҳафтаи гузашта чанд санади ислоҳоти низоми зиндонҳоро имзо кард.

Санадҳо барномаи фаъолияти муосири маҳбасҳоро дар назар доранд ва пешниҳод шудааст, ки дар маҳбасҳо дастгоҳҳои замонавӣ насб шаванд.

Бар пояи ислоҳот, қарор аст, робитаи видеоӣ миёни Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ, зербахшҳои ин ниҳод ва муассисаҳои ислоҳӣ ба роҳ монда шавад. Шавкат Мирзиёев иҷозат додааст, ки зиндониҳо аз ин дастгоҳҳо истифода баранд ва бо хонаводаҳои худ ба воситаи видео гуфтугӯ кунанд.

Нақшаи ислоҳоти техникии зиндонҳо, ки бояд то соли 2022 амалӣ шавад, гузаштани зиндонҳо ба низоми худтаъминкуниро дар назар дорад. Бо фармони дигар Мирзиёев муассисаҳои ислоҳиро аз 1 январи соли 2023 аз пардохти ҳама навъи андозҳо озод кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG