Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА гузориши вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳонро нашр мекунад


Логои Департаменти давлатии ИМА
Логои Департаменти давлатии ИМА

Департаменти давлатии Амрико рӯзи 15 август гузориши солонаи вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳонро нашр мекунад.

Муаррифии гузориш бо ширкати Котиби Давлатии Амрико Рекс Тиллерсон дар Вашингтонсурат мегирад. Департаменти давлатӣ мегӯяд, ки Амрико ба озодиҳои мазҳабӣ ҳамчун ба арзиши бунёдии ҳуқуқи инсон арҷ мегузорад.

Гузориши соли гузаштаи ин ниҳод аз қонунҳои "тавҳин ба муқаддасот" ва иртидод дар кишварҳои исломӣ изҳори нигаронӣ кард ва онҳоро нақзи ҳуқуқи инсон номид.

Қонунҳои "тавҳин ба муқаддасот" дар Покистон, бисёр вақт ҳамчун тавҷеҳи муҷозоти бидуни муҳокима истифода мешаванд.

Дар гузориш гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" дар Ироқу Сурия ва Боко Ҳаром дар ғарби Африқо ваҳшатноктарин поймолкунандаҳои озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон номбар шудаанд.

XS
SM
MD
LG