Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷонибдорони Текебоев гуруснанишиниро қатъ карданд


Ҷонибдорони раҳбари боздоштшудаи ҳизби мухолифи "Ота Макон"-и Қирғизистон Омурбек Текебоев гуруснанишиниро қатъ карданд. Дар ин бора яке аз иштирокдорони он Ойбек Султонқулов иттилоъ дод.

"Аз гуруснанишинӣ даст кашидем. Зеро он ягон натиҷа надод ва Текебоев ҳам ба имтиҳони забони давлатӣ роҳ наёфт. Акнун мо даст ба иқдомҳои дигар хоҳем зад", - афзуд Султонқулов.

Дар ин гуруснанишинӣ, ки 31 июли соли равон эълом шуд, 5 нафар иштирок доштанд. Онҳо дар қароргоҳи ҳизби "Ота Макон" дар Бишкек даст ба гуруснанишинӣ заданд. Дертар, 3 август ба сафи онҳо 5 ҷонибдори дигари Текебоев низ дар ноҳияи Бозор-Қурғони вилояти Ҷалолобод пайвастанд.

КМИР Қирғизистон 10 август гуфт, наметавонад барои иштироки раҳбари боздоштшудаи ҳизби "Ота Макон" дар имтиҳони забони давлатӣ, ки барои номзадҳо ба мақоми президентии ин кишвар ҳатмӣ аст, шароитро фароҳам кунад.

Номзадии Текебоев 18 июни соли равон аз тариқи худпешбарӣ ба мақоми президентӣ дар интихоботи 15 октябри Қирғизистон пешниҳод шуда буд.

Феълан баррасии парвандаи ӯ ва сафири пешини Қирғизистон дар Куриёи Шимолӣ Дуйшенқул Чотонов дар додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек бо ҷурми фасодкорӣ идома дорад. Айбдоркунандаи давлатӣ ахиран барои Текебоев 10 сол ва барои Чотонов 8 сол зиндон талаб кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG