Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 26 сокиини мулкии Сурия дар пайи ҳамлаи эътилофи таҳти назари ИМА


Ҷуфти ҳавопамоҳи F-15E дар фазои шимоли Ироқ. Акс аз бойгонӣ

Ҳамлаи ҳавоии эътилофи таҳти сарварии ИМА, бо ҳадафи берун кардани гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" аз Раққа, 29 шаҳрванди мулкии Сурия, бо шумули чаҳор кӯдакро дар 24 соати гузашт кушта ба ҷой гузошт. Дар ин бора монитори ҷанг рӯзи гузашта хабар дод.

Ба кушташудаҳо хонаводае иборат аз 14 нафар шомил аст, - гуфт Гурӯҳи Нозири Ҳуқуқи Башар.

Эътилофи таҳти сарварии Амрико то ҳол ба ин иттиҳом посух надодааст. Аммо қаблан гуфта буд, ки барои ҷилавгирӣ аз ҳалокати шаҳрвандони мулкӣ аз чораҳои фавқулодда кор мегирад ва мавридҳои хисоротро бозҷӯӣ мекунад.

Эътилофи таҳти сарварии Амрико моҳи гузашта гуфт, ки аз оғози амалиёт, дар соли 2014, дастикам 600 нафари мулкӣ дар Сурия ва Ироқ ҳалок шуд.

Нерӯҳи Демократии Сурия, шарики курдҳо ва арабҳои Сурия, амалиёти бозпасгирии Раққаро моҳи июн оғоз карданд.

Этилофи таҳти сарварии Амрико ба ин нерӯҳо бо ҳамлаҳои ҳавоӣ ва таъмини силоҳ кӯмак мекунад.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, то 50 ҳазор аҳоли мулкӣ дар Раққаи Сурия, ки даргириҳо дар он ҷараён доранд, дармондааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Чаҳор гуштигири тоҷик, ки аз Корея барнагаштанд, киҳоянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:45 0:00
XS
SM
MD
LG