Пайвандҳои дастрасӣ

Рогозин барои Молдова "персона нон грата" шуд


Дмитрий Рогозин

Мақомоти расмии Кишенев ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозинро "персона нон грата" ва ё шахсияти номақбул эълон карданд. Дар ин бора хабаргузориҳои Русия гузориш доданд. Тадбир алайҳи Рогозинро вазири умури хориҷии Молодва Андрей Галбур рӯзи 2 август пешниҳод кард ва бахши умудаи аъзои кобинаи ҳукумат онро пазируфт.

Хабаргузории "Интерфакс" аз қавли манобеи худ мегӯяд, ки сабаби ин иқдом сӯҳбати Дмитрий Рогозин бо шабакаи телевизионии "Россия-24" аст, ки дар он ноиби нахуствазир дар ҳақи шаҳрвандони Молдова ҳарфҳои носазо гуфт ва онҳоро таҳқир кард.

Рӯзи 28 июл Дмитрий Рогозин бо якчанд мақоми расмӣ барои мулоқот бо президент Игор Додон ва иштирок дар чорабиниҳои марбут ба "25 солагии амалиёти сулҳҷӯёнаи нерӯҳои Русия дар Приднестровье" ба Кишенев сафар кард.

Ҳавопаймои мулкиро, ки Рогозин бо он парвоз кард ба ҳарими ҳавоии Руминия роҳ надоданд. Баъди ин Рогозин гуфт мақомотеро, ки нагузоштанд ӯ ба Молдова ворид шавад, таҳрим хоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 17-уми июли соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG