Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон барои гумонбарони табаддулот 18 сол пурсид


Бекбулот Таргалбеков ва аъзои дигари мухолифин дар "порлумони мардумӣ"

Айбдоркунандаи давлатӣ дар қазияи пурсару садои панҷ сиёсатмадори мухолифи қирғиз, ки бо гумони тарҳрезии ғасби ҳукумат муҳокима мешаванд, мӯҳлатҳои тӯлонии зиндонро тақозо кард.

Ҷонибдорони Бекбулот Талгарбеков, Турабой Колубоев, Мурод Султонов, Александр Гусев ва Турғунбек Холматов рӯзи 2-юми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки додситонҳо барои ин сиёсатмадорон аз 16 то 18 соли зиндонро талаб карданд.

Гумонбарҳо рӯзи 2-юми август дар додгоҳ шаҳодати ниҳоӣ медиҳанд ва ин ба маъноест, ки мурофиаи пушти дарҳои баста ба поён мерасад.

Муфаттишон мегӯянд, ин панҷ нафар барнома доштанд, дар ҷараёни гирдиҳамоии Бишкек, ки қарор буд моҳи майи соли 2016 баргузор шавад, ҳукуматро ғасб кунанд. Ин гирдиҳамоӣ баргузор нашуд.

Баъзеи онҳо қабл аз гирдиҳамоии тарҳрезишуда ва бархеи дигар дар моҳҳои баъдӣ боздошт шуданд.

Ин гурӯҳ истеъфои президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро талаб мекард, ки ба гуфтаи онҳо аз Русия пуштибонӣ мекунад.

Гузоришҳои видеоӣ

Тақдими таҷҳизоти нави Амрико ба фурудгоҳи Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00
XS
SM
MD
LG