Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои Эрон ҳарорат дар Тоҷикистонро "тоқатфарсо" кардааст


Ҳавошиносони Тоҷикистон ҳушдор доданд, ки ҳарорати баланди то 45 дараҷаӣ то рӯзи 31-уми июл дар кишвар идома мекунад ва мумкин аст, дар манотиқи кӯҳи сел биёяд.

Дар огаҳии Маркази ҳавошиносӣ, ки дар вебсайти он нашр шудааст, омадааст, ки бинобар сабаби «ҳаракати ҳавои хушку гарм аз тарафи Эрон» ҳарорат дар Тоҷикистон ҳамчунон баланд боқӣ мемонад.

Ҳаво дар ноҳияҳои тобеи марказ аз 38 то 43 дараҷа ва дар вилояти Хатлон аз 40 то ба 45 дараҷа гарм мешавад. Дар ин рӯзҳо ба гуфтаи ҳавошиносон мумкин аст, пиряхҳои Тоҷикистон башиддат об шаванд ва сатҳи об дар рӯдхонаҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш боло равад.

XS
SM
MD
LG