Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи занон: "Никоҳ кам, талоқ зиёд шудааст"


Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, шумораи никоҳ дар кишвар коҳиш ёфта, баръакс шумораи талоқҳо афзоиш ёфтааст. Марҳабо Латифзода, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон рӯзи 28-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон 7503 никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2146 адад кам мебошад. Ба таъкиди хонум Латифзода, дар шаш моҳи аввали соли равон 5040 ҳолати бекор шудани ақди никоҳ сабт шудааст, ки дар қиёс ба соли гузашта 516 ҳолат зиёд будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG