Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВАО: Идораҳои Русия Макронро дар "Фейсбук" думбол мекарданд


Раиси ҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон

Хадамоти махсуси Русия талош дошт, ки фаъолиятҳои ситоди интихоботии раиси ҷумҳури Фаронса Эммануэл Макронро тавассути шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" думбол кунад. Дар ин бора хабаргузории "Reuters" бо такя ба манбаҳои беном рӯзи 27 июл гузориш дод. Ҳамсӯҳбатҳои хабаргузорӣ гуфтанд, ки барои дунболагир кардани тарафдорони Макрон, дар Фейсбук беш аз 20 саҳифаи тақаллубӣ боз шуд.

Ба маълумоти "Reuters", ҷосусҳои Русия барои дастёбӣ ба маълумоти хусусии корбарон худро дӯсту тарафдори Макрон муаррифӣ мекарданд. Кори шубҳаноки баъзе корбарон таваҷҷӯҳи раҳбарони шабакаҳоро ба худ кашид, ки шеваи кори ГРУ-и Русияро ба ёд меовард.

Моҳи апрел "Фейсбук" гуфт, саҳифаҳоеро масдуд мекунад, ки дар бораи интихоботи Фаронса хабарҳои ғалат медиҳанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи 30 ҳазор саҳифаи ҷаълӣ хабар доданд. Манбаи хабаргузории "Reuters" 70 ҳазор саҳифаро номбар кардааст.

Аввалҳои моҳи июн Хадамоти амнияти миллии Фаронса гуфт, ки рахнагарони Русия дар ҳамла ба компютерҳои ситоди интихоботии Макрон даст надоранд. Қабл аз ин, дар моҳи май почтаи эелектронии Макрон, ки он вақт номзад ба мақоми раиси ҷумҳур буд, мавриди ҳамлаи ҳакерӣ қарор гирифт ва маводи он дар интернет нашр шуд. Манобеи "Reuters" мегӯянд, ки дар шикастани почтаи эелектронӣ рахнагарони марбут ба Кремлин даст доранд, аммо онҳо дар ин робита далеле барои пешниҳод кардан надоранд.

Гузоришҳои видеоӣ

Пешниҳоди оташбаси фаврӣ дар Сурия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00
XS
SM
MD
LG