Пайвандҳои дастрасӣ

Донишҷӯёни "гумгашта"-и Қазоқистонро аз маҳбаси Миср ёфтанд


Шаш шунавандаи қазоқи давраҳои омӯзиши забон дар Қоҳира аз сӯи мақомоти Миср боздошт шуда, айни ҳол дар ҳудуди ин кишвар ҳастанд. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар медиҳад. "Ба ҳаёт ва саломатии онҳо хатаре таҳдид намекунад", - мегӯяд вазорат.

Сафорати Қазоқистон дар Қоҳираи Миср талош дорад, ки расман сабабҳои боздошти донишҷӯёни қазоқро дақиқ кунад. Пештар аз ин мақомоти Қазоқистон гуфта буданд, ки эҳтимол надорад, донишҷӯёни қазоқ пайрави ҷараёнҳои тундрав бошанд.

Дар ҳоли ҳозир танҳо номи ду донишҷӯ - Канат Берик ва Еламан Жазилхон муайн аст. Онҳо, ба гуфтаи хешонашон, аз 20 июл ба ин сӯ бо пайвандонашон робита надоштаанд. Мақомоти Қазоқистон дар робита ба нопадид шудани донишҷӯҳо аз мақомоти Миср кумак хост. Интизор меравад, сафири Қазоқистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Миср дар робита ба ин қазия мулоқот кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG