Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бадтарин кишвар барои бознишастаҳо эътироф шуд


Пирҳо дар Русия брои хариди ғизо танга ҳисоб мекунанд.
Пирҳо дар Русия брои хариди ғизо танга ҳисоб мекунанд.

Русия яке аз бадтарин кишварҳои ҷаҳон барои бознишастаҳо эътироф шуд. Шохиси ҷаҳонии бознишастагӣ, ки ҳамасола ширкати молии Фаронса, Nataxis раддабандӣ мекунад, дар ин бора рӯзи 20 июл маълумот дод.

Дар раддабандии соли 2017, аз 43 ҷойи бадтарин, Русия ҷойи 40-ро ишғол кард. Бадтаринҳои дигар Бразилия, Юнон ва Ҳиндустон номбар шуданд. Сафҳои пешро дар раддабандӣ Норвегия, Шведсия, Зеландияи Нав ва Исландия ба даст оварданд.

Ҳангоми муаян кардани шохиси кишвари беҳтарин барои бознишастаҳо, чанд омил, аз раддаи 0 то 100 араёбӣ мешавад. Инҳо ба вазъи молии нафақахурҳо, таъминоти молии онҳо, сифати зиндагӣ ва беҳдошти онҳо марбут мешаванд. Коршиносон ба ин натиҷа расидаанд, ки дар як соли ахир вазъи молӣ ва беҳдошт дар Русия вахим шуд.

Қаблан раҳбари Палатаи ҳисоб Татяна Голикова гуфт, ки 22 миллион одам, ё 15 дар сади аҳолии Русия дар ҳоли фақр ба сар мебарад. Аксари нодорҳо дар Русия бознишаста ҳастанд.

Биноба пешгӯии Вазорати рушди иқтисоди Русия солҳои наздик афзоиши ҳақи бознишастагӣ дар назар нест ва то соли 2022 коҳиш боз ҳам меёбад.

XS
SM
MD
LG