Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд ва Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел машварат карданд


Абдулазиз Комилов ва намояндаи ИА Питер Буриан. Акс аз бойгонӣ
Абдулазиз Комилов ва намояндаи ИА Питер Буриан. Акс аз бойгонӣ

Ҳайати ҳукумати Узбакистон бо сарварии Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии ин кишвар, рӯзи 17 июл бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел мулоқот кард. Ин мулоқот дар чаҳорчӯби машвартҳои ҳарсола миёни Тошканд ва Брюссел сурат гирифт. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати хориҷии Узбакистон хабар дод.

Дар ин мулоқот ислоҳоте, ки раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев оғоз кардааст, ҳамчунин шеваи татбиқи қонунҳои Узбакистон ва масъалаи ҳуқуқи инсон дар миён буд.

Баъди музокирот, ҷонибҳо ба суолҳои хабарнигорон посух доданд. Хабарнигорон бештар ба вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвари Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ карданд, ки то марги президенти пешин Ислом Каримов аз давлатҳои начандон боз унвон мешуд.

Абдулазиз Комилов ба суоли хабарнигорон, ки оё дар ин нишаст шӯриши Андиҷон дар соли 2005, ки садҳо қурбонӣ дорад, матраҳ шуд ё не, гуфт, ки ин мавзӯъ дар миён набуд, зеро суолҳои ба ин монанд кайҳо ҷавоби пурра гирифтаанд.

Баъди шӯриши Андиҷон ва танқиди ҳукумати Узбакистон дар заминаи саркӯби эътирозгарон, Тошканд равобиташро бо давлатҳои ғарбӣ коҳиш дод ва бисёр созмонҳоро аз қаламраваш берун кард.

Мақомоти расмии Иттиҳоди Аврпуо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пас аз марги Ислом Каримов моҳи сентябри соли гузашта, баъзе иқдомоти ислоҳотталабонаи Мирзиёев умедро барои беҳбуди равобит ва ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодӣ бештар кардааст.

XS
SM
MD
LG