Матбуоти Эрон рӯзи 17 июл хабар дод, ки як сарбози артиш ба сӯи ҳамхизматҳояш оташ кушода, се нафарро ҳалок кард ва сипас худашро кушт. Аз тири ин сарбоз шаш тани дигар захм бардошт.
Ба навиштаи хабаргузории "Меҳр" ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки сарбозони пойгоҳи шаҳри Абик, воқеъ дар шимолу ғарби Теҳрон истироҳат доштанд.
Ин сарбоз баъди он ба сӯи ҳамтояҳои худ оташ кушод, ки мақомот дархости ӯ барои интиқол ёфтанаш ба пойгоҳи низомии воқеъ дар зодгоҳашро рад карданд. Ҳуввияти сарбозҳои кушташуда эълон нашудааст.
Алӣ Ризо Раҳмонӣ, волии шаҳри Абик гуфт, ки ӯ наметавонад дар бораи ин қазия қабл аз оғози бозҷӯӣ сӯҳбат кунад.
Моҳи сентябри соли гузашта, як сарбози дигари артиши Эрон низ қабл аз худкушӣ се ҳамояшро ба ҳалокат расонд.
Хизмати 24 моҳаи артиш дар Эрон барои ҷавононе, ки синнашон аз 19 ба болост, ҳатмӣ шумурда мешавад.