Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми чиҳил пайрави Гюлен дар Туркманистон


Дар паси миллаҳои зиндон
Дар паси миллаҳои зиндон

Даҳҳо нафар дар Туркманистон бо иттиҳоми пайравӣ аз ҳаракати мухолифини Туркия зиндонӣ шуданд. Ба маълумоти манбаҳои дохили Туркманистон, 5-7 июл додгоҳи вилояти Лабиоб (Лебап) ҳадди ақал ҳукми 40 гумонбарро содир кард.

Ба гуфтаи ин манобеъ, бахше аз онҳо кормандон ва хатмкардагони литсейҳои туркиву туркманӣ будаанд. Расонаҳои Туркманистон охири моҳи май дар бораи ҳабси бештар аз 50 нафар, ки ба пайравӣ аз "ҳаракати Гюлен" айбдор мешуданд, хабар дод. Додгоҳи ин гурӯҳ пушти дарҳои баста баргузор шуд ва онҳо то 20 сол ҳукми зиндон гирифтанд.

Ин гуруҳи дувум аст, ки бо чунин айб ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ мешавад. Моҳи феврали соли ҷорӣ додгоҳи шаҳрии Ишқобод ҳадди ақал 18 нафарро ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ кард. Дар байни онҳо соҳибкорони маъруф низ буданд.

Манобеи дохилӣ мегӯянд, ҳангоми тафтишот боздоштшудаҳо шиканҷа шуданд ва гуноҳро таҳти фишор эътироф карданд. "Додгоҳ пӯшида буд, ҳатто наздиконашонро роҳ надоданд", - мегӯянд манбаъҳо.

Ҳамин манобеъ дар тавзеҳи хабар мегӯянд, ки зиндониҳои тоза қурбони бозиҳои Осиё шудаанд, ки ҳукумат барои баргузории он сармояи иловагӣ меҷӯяд.

XS
SM
MD
LG