Ребекка Ҳармс, узви порлумони Аврупо, ба таҳқиқи бетарафонаи қазияи хабарнигори озарӣ Афғон Мухторлӣ даъват кард, ки гуфтааст, ӯро дар Гурҷистон рабуданд ва бар хилофи хоҳишаш ба Озарбойҷон интиқол доданд. Қонунгузори Олмон дар ин робита рӯзи 17-уми июл ҳангоми сафараш дар Гурҷистон бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард.
Ҳармс гуфт, дар бораи Мухторлӣ, ки ҳоло дар боздоштгоҳи пешакӣ қарор дорад, мехоҳад бо мақомоти Озарбойҷон сӯҳбат кунад.
Мухторлӣ ва ҳамсари ӯ соли 2015, баъди гузоришҳо дар бораи фасодкории ҳалқаи наздик ба президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва нигарониҳои амниятӣ ба Гурҷистон фирор карданд.
Рӯзноманигори 43-сола рӯзи 29-уми май дар Тифлис нопадид шуд ва мақомоти Озарбойҷон дертар эълон карданд, ки Мухторлӣ бо ҷурми убури ғайриқонунии марз ва қочоқи пул дар боздоштгоҳи Боку аст.
Ҳамсари Мухторлӣ Лайло Мустафоева мегӯяд, ба пулиси Тифлис акси як шаҳрванди Озарбойҷонро дод, ки қабл аз гум шудани ҳамсараш ӯро таъқиб мекард.