Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷудоихоҳони Украина блогнависро дар Донетск нигоҳ медоранд"


Блогнавис Станислав Асеев
Блогнавис Станислав Асеев

Қонунгузори пешини Украина мегӯяд, ҷудоилаталабон дар минтақаи Донетск тасдиқ кардаанд, ки блогнависи Радиои Аврпуои Озод/Радиои Озодӣ Станисталв Асеев дар дасти онҳост.

Еҳор Фирсов рӯзи 16-уми июл дар Фейсбук навишт, ки ба модари Асеев иҷозат доданд, то бо писараш дар боздошт мулоқот кунад. Ба гуфтаи Фирсов ҷудоиталабон Станислав Асеевро ба ҷосусӣ муттаҳам мекунанд ва блогнавис дар ростои 14 соли зиндон қарор дорад.

Асеев, ки бо номи Станислав Васин барои бахши украинии Радиои Озодӣ мақола менавишт, рӯзи 3-юми июн дар Донетск нопадид шуд. То ҳол ҷудоиталабони Донетск ва Луҳанск доштани ягон маълумот дар бораи Асеевро рад мекарданд.

Раҳбари барномаҳои Радиои Озодӣ Ненад Пейҷ боздошти Станислав Асеевро ғайриқонунӣ ва боис ба нигаронии ҷиддӣ номид. Ӯ талаб кард, ки журналист оҷилан озод шавад.

Иттиҳоди рӯзноманигорони Украина, созмони Хабарнигорони Бидуни Марз ва Созмони Афви Байналмилалӣ бо нигаронӣ аз сарнавишти блогнавис гуфтанд, ки агар Асеев дар дасти ҷудоиталабон бошад, онҳо бояд ӯро оҷилан озод кунанд.

XS
SM
MD
LG