Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби ришва ба маблағи $100 ҳазор ҳангоми харидории чархбол


Мудири кулли ширкати "Казавиаспас"-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Вазорати умури дохилии Қазоқистон Малик Досимбеков бо гумони гирифтани пора дастгир шуд.

Досимбековро кормандони Бюрои миллии мубориза бо коррупсияи Қазоқистон рӯзи 13 июл ҳангоми гирифтани ришва аз як ширкати хориҷӣ дар шаҳри Алмаато боздошт кардаанд.

Ба огаҳии ин ниҳод, "мудири кулли ширкати "Казавиаспас" барои имзои созишномаи хариди чархболи навъи МИ-171Е, ки 12 миллион доллар арзиш дорад, аз як ширкати хориҷӣ ришва талаб кард".

Ҳамроҳ бо Досимбеков мудири кулли ширкати "Казавиалесоохрана"-и Вазорати кишоварзии Қазоқистон Толеуғозӣ Сексенбоев низ дастгир шудааст.

Бюро дар иттилоияи худ ҳаҷми пораро 100 ҳазор доллар номида, аз ироаи ҷузъиёти дигар худдорӣ кардааст. Гумонбарҳо бо қарори додгоҳ боздошт шуданд ва таҳқиқи қазия ҷараён дорад.

XS
SM
MD
LG