Ҷаласаи вазирони умури хориҷии кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ дар Минск рӯзи 17-уми июл ба баррасии масоили амнияти минтақавиву байналмилалӣ, вазъи манотиқи ҳаммарз бо кишварҳои узви ин созмон, муқобила бо терроризму ифротгароӣ, аз ҷумла бо назардошти вазъ дар Афғонистон, Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ мепардозад.
Дар ин нишаст вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ширкат мекунад. Дар ҷаласа мавзӯи ҳамкориҳо дар бахши низомӣ ва қабули санадҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст. Оҷонии ТАСС менависад, ки бо пешниҳоди Қирғизистон қарор аст дар ин нишаст изҳороте дар заминаи ҷилавгирӣ аз ихтилофҳо дар бахши иттилоотӣ ва муборизаи муштарак дар заминаи амнияти иттилоотӣ қабул шавад.
Ҷаласаи вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СПАД дар ҳайати маҳдуд ва васеъ баргузор мешавад.
Паймони амнияти дастаҷамъӣ соли 1992 дар шаҳри Тошканд имзо шуда соли 2002 ба Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ тағйири ном кард. Ба узвияти ин созмони минтақавии сиёсӣ, ки ҳадафаш таъмини амният дар қаламрави кишварҳои узв аст, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомил ҳастанд.
Интизор меравад, ки дар кори нишасти Минск вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ҳам иштирок кунад.