Пайвандҳои дастрасӣ

Сеяки амрикоиҳо аз фаъолияти президент Трамп қонеъ ҳастанд


Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп

Танҳо 36 дар сади амрикоиҳо фаъолияти Доналд Трамро дар мақоми раиси ҷумҳури Амрико мусбат арзёбӣ мекунанд. Чунин аст натиҷаи пурсиши афкори умум, ки нашрияи The Washington Post ва шабакаи телевизионии ABC News якҷоя баргузор карданд.

Чунин камтарин эътибори президент баъди ним соли фаъолиятро Амрико 70 сол пеш шоҳид шуда буд. Садди имтиёзи Доналд Трамп моҳи апрел то 58 дар сад афзоиш ёфт ва 48 дар сад гуфтанд, ки худро аз "мунаққидони сарсахт"- и Трамп медонанд.

Ба суоле, ки оё мулоқоти писари Трамп бо вакили рус Наталя Веселнитская дар авҷи маъракаи интихоботӣ кори дуруст буд, 26 дар сад посухи мусбат ва 63 дар сад посухи манфӣ доданд.

41 дар сади пурсидашудаҳо бовар доранд, ки ёварони Трамп ба дахолати Русия дар умури интихобот огоҳона мусоидат кардаанд; 44 дар сад гуфтанд, ки иқдомоти фаъоли Кремлин ба номзади ҷумҳурихоҳ фоидаи қобили мулоҳиза овард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG