Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гашти низомӣ дар Бағдод ба муносибати бозпасгирии Мавсил


Дар Ироқ ба муносибати бозпасгирии шаҳри Мавсил гашти низомӣ баргузор шуд. Ин маросим рӯзи 15-уми июл, як ҳафта баъди он сурат гирифт, ки Ҳайдар ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, озодии шаҳри Мавсил аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро эълон кард.

Дар гашти низомӣ дар шаҳри Бағдод нирӯҳои артиши Ироқ, нирӯҳои зиддитеррористӣ ва пулис иштирок кардаанд. Як навори хабаргузории “Ройтерс” нишон медиҳад, ки сарбозон бо тонку муҳиммоти дигари ҷангӣ аз кӯчаҳои пойтахт мегузаранд.

Шаҳри Мавсил, дувумин шаҳри бузурги Ироқ соли 2014 ба дасти ДИИШ афтод. Ин гурӯҳ баъдан Мавсилро пойтахти худхондааш дар Ироқ эълон намуд.

Гашти низомӣ дар ҳоле баргузор шуд, ки бино ба гузоришҳои расида, даригирӣ миёни нирӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангҷӯёни гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” дар “Шаҳри Кӯҳна”-и Мавсил рух додааст.

XS
SM
MD
LG