Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил гуфт, ки роҳ ба сӯи Байтулмуқаддасро мекушояд


Мақомоти Исроил гуфтанд, ки ба дунболи ҳамлаи маргбор дар Байтулмуқаддас ба оҳистагӣ биноҳоро кушода ва зиёрати маконҳои диниро иҷоза хоҳанд дод.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, гуфт, ки тасмим гирифтаанд, аз нисфирӯзи 16-уми июл зиёрати Ҳарами Шарифро таҳти чораҳои шадиди амниятӣ иҷоза диҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, дурбинҳои назоратӣ ё амниятӣ ва дастгоҳои кашфкунандаи фулузот дар ҳамаи маконҳои зиёратии яҳудиён ва мусалмонҳо дар Байтулмуқаддас фаъол хоҳад буд.

Рӯзи ҷумъаи 14-уми июл дар натиҷаи тирпаронӣ дар наздикии Масҷидулақсо дар Байтулмуқаддас ду афсари пулиси Исроил кушта ва як нафари дигар захмӣ шуд. Се марди арабтабор, ки болои ин нирӯҳо ҳамла карда буданд, дар натиҷаи тиркушоии ҷавобии пулиси Исроил кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG