Хабаргузории “Ассошиайтед Пресс” навишт, як вакили дифои рус дар дидор бо писари раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ба ӯ парвандаеро додааст, ки шомили маълумот алайҳи Ҳилларӣ Клинтон буд. Пеш аз ин Доналд Трамп ва писараш гуфта буданд, дар дидори дувумӣ бо Наталя Веселнитская ҳеҷ иттифоқе наафтодааст.
Писари Доналд Трамп моҳи июни соли гузашта дар бурҷи Трамп, дар ситоди интихоботии падараш, бо ин вакили рус мулоқот кардааст.
Ринат Аҳмедшин, як лоббисти рустабори амрикоӣ, ки зоҳиран дар ин дидор ҳузур доштааст, ба хабаргузории “Ассошиайтед Пресс” гуфт, ки Веселнитская як бастаи пластикиро бо ҳуҷҷатҳои чопшуда ба Трампи хурдӣ дод.
Ба гуфтаи Аҳмедшин, Наталя Веселнитская ҳамчунин ба писари Доналд Трамп гуфтааст, ифшои ин ҳуҷҷатҳо метавонад ба маъракаи интихоботии падараш кумак кунад.
Ҳилларӣ Клинтон дар интихоботи соли гузаштаи Амрико дар баробари Доналд Трампи ҷумҳурихоҳ номзади Ҳизби демократ ба мақоми президентӣ буд.
Доналд Трампи хурдӣ, писари раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, қаблан гуфт, мулоқоти ӯ бо вакили рус барои маъракаи президентии падараш маълумоти муҳим надошт. Ӯ дар сӯҳбати рӯзи 11-уми июл бо шабакаи телевизионии Fox News таъкид кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ талош надошт, ба эътибори рақиби падараш Ҳилларӣ Клинтон латма занад.