Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон гуфт, ки ҳанӯз марги Бағдодиро тасдиқ карда наметавонад


Абубакри Бағдодӣ
Абубакри Бағдодӣ

Вазири дифои Амрико гуфт, ки ҳанӯз марги Абубакри Бағдодӣ, раҳбари гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ”-ро тасдиқ карда наметавонанд. Ҷеймс Маттис дар ин бора рӯзи 14-уми июл изҳори назар кард.

Ҳафтаи равон Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, гуфт, ки тасдиқи кушта шудани Бағдодиро ёфтааст. Моҳи гузашта Вазорати дифои Русия гуфт, ки раҳбари гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” Абубакри Бағдодӣ эҳтимол дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Русия кушта шудааст.

Аммо мақомҳои Амрико ва Ироқ аз аввал ба ин хабар шак доштанд. “Агар мо дар ин бора медонистем, ба шумо мегуфтем. Дар ҳоли ҳозир наметавонам ин хабарро тасдиқ ё инкор кунам”, - гуфт Ҷеймс Маттис.

Вазири дифои Амрико дар пайи ин суханонаш гуфт, оташсба дар ҷануби ғарби Сурия ҳанӯз идома дорад. Ин созиши оташбас дар пайи мулоқоти рӯбарӯи раисони ҷумҳури Амрико ва Русия ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ҳамбурди Олмон ба даст омада буд.

XS
SM
MD
LG