Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷиддин Пирзода: То охирин дирами муштариёнро бармегардонем


Тоҷиддин Пирзода
Тоҷиддин Пирзода

Тоҷиддин Пирзода, раиси “Тоҷиксодиротбонк”, гуфт, вазъи молии бонки ба мушкил печидааш беҳтар шудааст ва ваъда дод, ки то охирин дирами амонатгузоронро бармегардонад. Ӯ рӯзи 14-уми июл дар мулоқот бо хабарнигорон гуфт, фаъолияти “Тоҷиксодиротбонк” дар ним соли ахир мусбат ҷамъбаст шуда, пардохтпазирии бонк аз тақрибан чаҳоруним дар сади моҳи ноябри соли гузашта ба 36 дар сад дар моҳи июл расидааст.

Пирзода дороиҳои бонкро дар ҳоли ҳозир 4 миллиарду 311 миллион сомонӣ ҳисоб кард ва сабабҳои ба буҳрон печиданашро ба “буҳрони молии ҷаҳонӣ, сохтмони биноҳои зиёд ва тағйирёбии қурби асъори хориҷӣ” марбут донист.

“Тоҷиксодиротбонк” охири соли 2015 ба мушкил печид ва натавонист саривақт пули муштариёнашро дастрас кунад. Ин вазъ ба навбати тӯлонӣ ва норозиятҳо аз бонк сабаб гардид.

Дар пайи он мақомоти Бонки миллӣ барои ҳалли буҳрони “Тоҷиксодиротбонк” маъмурияти муваққат таъин кард ва танҳо баъд аз шаш моҳи он дубора Тоҷиддин Пирзодаро ба раҳбарии ин бонк гузошт. Ҳукумати Тоҷикистон низ дар авҷи бӯҳрони бонкӣ дар моҳи декабри соли гузашта, барои наҷоти "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" дар маҷмуъ беш аз 3 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ кард. “Тоҷиксодиротбонк”, ки бояд маблағи мушатариҳояшро пардохт мекард, ин маблағро ба сармояи асосии бонк ворид кард ва ҳоло ҳудуди 85 дар сади саҳмияҳои он дар ҳисоби давлат аст.

Бо вуҷуди инки мақомоти бонк мегӯянд, вазъи молиашон беҳтар шудааст, бархе аз муштариён ҳанӯз аз камбуди пул дар ин бонк шикоят доранд.

Дар пайи буҳрони бонкҳо дар Тоҷикистон “Фононбонк” ва “Тоҷпромбонк” пардохтпазирии худро аз даст дода, фаъолияташон қатъ шуд. Ҳоло ин ду бонк амволашонро ба фурӯш гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG