Президенти Олмон Френк-Валтер Штейнмайер дар як боздидаш аз Кобул рӯзи 13 июл бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дидору мулоқот кард. Ӯ инчунин бо вазъи нирӯҳои олмонӣ дар пойгоҳи наздикии шаҳри Мазори Шариф шинос шуд. Штейнмайер аз хизмати низомиён ташаккур кард ва гуфт, ки ҳукумати Олмон ва ҳам Афғонистон барои таъмини амнияти ин кишвар аз онҳо интизороти зиёд доранд. Дар Афғонистон ҳамчун бахше аз нирӯҳои НАТО 940 низомии олмонӣ хизмат ва ба нирӯҳои давлатии Афғонистон дар амри мубориза бо шӯришиёни Толибон ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи ифротӣ мусоидат мекунанд. Штейнмайер баъди боздид аз Қазоқистон ва раҳбарии як ҳайати соҳибкорон вориди Афғонистон шуд. Штейнмайер Қазоқистонро ба ҳайси як кишвари “пешбарандаи субот” дар минтақа ситоиш кард.