Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти НАТОву Русия парвозҳои ҳавопаймоҳоро ба баррасӣ мегирад


Дар Брюссел рӯзи 13 июл нишасти НАТО ва Шӯрои Русия шурӯъ ба кор кард, ки қарор аст роҳҳои коҳиши таниш ва хатарҳои парвози ҳавопаймоҳои ҷангиро бар фарози баҳри Балтик ба баррасӣ гирад. Матбуоти русӣ навишт, ки дар ин ҷаласа ҳамчунин ҷанг дар Украина ва дарёфти кӯмаки низомӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷудоиталабон аз ҷониби Маскав баррасӣ мешавад.

Зимни суханронӣ дар Киев рӯзи 10 июл дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг аз Маскав хост, ки “ҳазорҳо сарбозонашро аз Украина берун кашад ва аз идомаи кӯмакрасонӣ ба ҷангиён бо таҷҳизоти низомӣ даст кашад”. Русия ҳеҷ гоҳ дахолаташ дар низоъҳои Украинаро эътироф накардааст, ҳарчанд кӯмакрасонии Маскав аз роҳҳои марзӣ ба ҷудоиталабон бо нирӯ, таҷҳизоти низомӣ ва дигар мавод собит шудааст.

Дар остонаи нишасти НАТО, мақомоти ин паймони низомӣ ба журналистон гуфтанд, ки ба Русия фишор меоранд, то ки парвозҳои ҳавопаймоҳоро сабт карда ба назорати ҳаракати ҳавоӣ посух диҳад ваё ба ҳангоми парвоз дар рӯи обҳои баҳри Балтик ҳуввияти худро аз дохили утоқи халабон ошкор созанд. НАТО гуфт, ки моҳи гузашта парвози се ҳавопаймои русиро бар фарози баҳр ошкор кадааст ва ду адади онҳо – ҳавопаймоҳои босуръат буд, ки на аз ҳуввияти худ дарак ва на ба назорати ҳавоӣ посух доданд.

XS
SM
MD
LG