Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон, парвандаи Омурбек Текебоев – раиси боздоштшудаи ҳизби "Ота Макон" ва Дуйшенқул Чотонов, сафири собиқ дар Куриёи Ҷанубиро сиёсӣ донист ва гуфт, «бар асоси он рақибони сиёсӣ бо ҳам даъво мекунанд». Ӯ дар ин бора рӯзи 13-уми июл дар Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек суҳбат кард.
Аммо додраси парванда монеи суханронии ӯ шуд. Додрас гуфт, Отунбоев ҳаққи баҳодиҳӣ ва тахминзаниро надорад ва бояд он чизеро бигӯяд, ки медонаду дидааст.
Омурбек Текебоев аз суханони Роза Отунбоева ҳимоят карда, ёдрас кард, ки то ин замон чанд шоҳид дар додгоҳ «баҳодиҳӣ ва тахминзанӣ кардаанд».
Дар ин мурофиаи додгоҳӣ аз Роза Отунбоева пурсида шуд, ки рӯзҳои 12-13-уми майи соли 2010 аъзои ҳукумати муваққат киҳо буданд ва дар масъалаи амволи давлатӣ, амсоли ширкати «Мегаком» кӣ посух мегуфт. Отунбоева посух дод, ки ҳайати ҳукумати муваққатро «ҳамаи сиёсатмадорони маъруф» ташкил медоданд.
"Барои мисол, Алмосбек Отамбоев муовини аввал буд ва дар масоили иҷтимоиву иқтисодӣ посух мегуфт. Темир Сариев масъули бахши моливу иқтисодӣ буд. Омурбек Текебоев ба ислоҳоти конститутсионӣ, Азимбек Бекназаров – масоили ҳуқуқиву амниятӣ посух мегуфтанд. Аммо баъди 13-уми май масоили амниятӣ ба Алмосбек Отамбоев супорида шуд. Худи вай ин дархостро кард. Отамбоевро даъват кунед, вай дар умури амволи давлатӣ ва хусусигардонӣ масъул буд", - гуфт Отунбоева.
Омурбек Текебоев ва Дуйшенқул Чотонов бо моддаи «фасодкорӣ» айбдор мешаванд. Нисбат ба онҳо дар асоси шоҳидии шаҳрвандони Русия Алексей Модин ва Леонид Маевский парванда боз шудааст. Шаҳрвандони Русия гуфтанд, барои мусоидат дар харидани саҳмияҳои ширкати "Мегаком" ба Текебоев 1 миллион доллар додаанд.
Аммо айбдоршавандаҳо ин даъворо таъқиби сиёсӣ медонанд.