Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати тиҷоратии Амрико дар Тоҷикистон


Нахустин ҳайати тиҷоратии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба манзури дидор бо ҳайати тиҷоратии Тоҷикистон ва ошноӣ бо фазои иқтисодию сармоягузорӣ дар ин кишвар, вориди Душанбе шудааст. Ба ин ҳайат намояндагони ширкатҳои бонуфузи Амрико чун AGCO Co, Baker&McKenzie, GeneralElectric, Amity Technology, APR Energy, Coca-Cola, Visa, Mobilized Construction ва WHITE64 шомил ҳастанд.

Бино ба иттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин ҳайати Амрико дар ҷараёни дурӯзааш аз Тоҷикистон бо мақомоти баландпояи ин кишвар, намояндагони ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ мулоқот кунад. Ҳамчунин, ҳайати мазкур аз минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” дидан хоҳанд кард.

Дар назар аст, пагоҳ, 14 июл дар шаҳри Душанбе бизнес-форуми Амрикою Тоҷикистон баргузор шавад. Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон як ниҳоди мустақили тиҷоратӣ буда, дар соли гузашта ба манзури таҳкими равобити тиҷоратию сармоягузорӣ миёни Амрикою Тоҷикистон таъсис шудааст. Дар Шӯрои тиҷоратӣ ширкатҳои хусусии ИМА узвият доранд. Ҷаласаи нахустини ин шӯро дар соли 2016 дар Амрико баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG