Пайвандҳои дастрасӣ

Генерали ИМА: барои маҳви комили ДИИШ ҷангҳои зиёд дар пеш аст


Нахуствазири Ироқ Ҳайдар ал-Ибодӣ пирӯзӣ бар ДИИШ-ро дар Мавсил эълон кард. 10 июли соли 2017

Мақоми аршади низомии Амрико Стивен Тавнсенд рӯзи 11 июл гуфт, ки сарфи назар аз суқути ДИИШ дар Мавсил, коҳиши чашмгири нерӯи Амрико дар назар нест.

Нахуствазири Ироқ Ҳайдар ал-Ибодӣ рӯзи 10 июл пирӯзии нерӯҳои кишвараш бар ДИИШ-ро дар шаҳри озодшудаи Мавсил эълон кард, ки аз замони ишғоли қаламавҳои шимоли Ироқ дар се соли пеш, бузургтарин зарба ба ин гурӯҳи сунимазҳаб унвон мешавад.

Нерӯҳои Ироқ ҳоло талош доранд чанд шаҳраки боқимонда, бо шумули шаҳри Тал Афар ва Ҳавиҷаро аз ҷангиёни ДИИШ пок кунанд.

"Даргириҳо ҳанӯз тамом нашудаанд. Аз ин рӯ, дар ояндаи наздик ман дигаргуниеро дар робита ба сатҳи нерӯҳо интизор надорам. Зеро нерӯҳои Ироқ ва эътилофро корҳои ҷиддӣ дар пеш аст"- гуфт Стивен Тавнсенд- раҳбари эътилофи таҳти назари ИМА дар мубориза бо ДИИШ.

Ӯ афзӯд, ки эътилоф баъди саркӯбии комили гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" низ дар Ироқ ҳузур хоҳад дошт. Ба гуфтаи генарали амрикоӣ ҳукумати Ироқ, Ийолоти Муттаҳида ва ҳукуматҳои узви эътилоф ба нигаҳдории нерӯҳо дар ин кишвар таваҷҷӯҳ доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG