Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахтиёр Маҷидов барои садамаи Ваҳдат ба 7,6 соли зиндон маҳкум шуд. ВИДЕО


Ронандаи мошини боркаше, ки сабабгори кушта шудани 7 нафар шуда буд, бо ҳукуми суди шаҳри Ваҳдат ба 7 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 12 июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Бахтиёр Маҷидов, ронандаи мошини “3ил-130” барои риоя накардани қоидаи ҳаракат дар роҳ гунаҳгор дониста шудааст, зеро вай "дар қисми болои автомашина ҷойи борбардории он ғайриқонунӣ зиёда аз 25 нафар мусофиронро савор карда, ҳангоми фаромадани баландии роҳи қабристони Роҳатӣ аз уҳдаи рондани автомашина набаромада автомашинаро дар канори роҳ чаппа менамояд”.

Дар натиҷаи ин ҳодиса боз 2 нафар ҷароҳати вазнин ба саломатӣ ва 2 нафари дигар ҷароҳати миёна ба саломатӣ бардоштаанд. Баъд аз вуқӯи ин ҳодиса дар таърихи 11 марти соли ҷорӣ Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки дар ин садама 19 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Шоҳидони ҳодиса ба матбуот гуфтанд, ки дар натиҷаи садама 8 нафар ҷон додаанд.

Ахиран президенти Тоҷикистон низ дар суханронии рӯзи 11 июли худ бахшида ба 10-солагии қабули қонун оид ба танзими расму анъанаҳо аз афзоиши садамаҳои пурқурбонии автомобилӣ изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ҳар сол дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна якуним ҳазор садамаи нақлиётӣ рух дода, садҳо нафар ба ҳалокат мерасад ва ин ҳолат боиси ташвишу нигаронии ҷиддӣ мебошад. Дар ҳамин суханронии худ президент пешниҳод кард, ки муҷозот барои вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ бояд шадидтар шавад.

Фоҷиаи Ваҳдат аз нақли шоҳидони айнӣ ва маҷрӯҳон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

XS
SM
MD
LG