Доналд Трампи хурдӣ, писари раиси ҷумҳури Ийолоти Муттаҳида гуфт, ки мулоқоти ӯ бо вакили рус, моҳи июни соли 2016, барои маъракаи президентии падараш маълумоти муҳим надошт ва ӯ дар ин бора ҳеҷ гоҳ бо падараш сӯҳбат накард.
Писари бузурги Доналд Трам дар сӯҳбати рӯзи 11 июл бо шабакаи телевизионии Fox News ин эҳтимолро соқит накард, ки эҳтимол ӯ ба ғайри мулоқот бо Наталя Васелнитская, ки гуфта мешуд як бахши кӯмаки Русия ба маъракаи падараш аст, шояд бо нафарони дигар аз Русия мулоқот кардааст."
Аммо Трампи хурдӣ таъкид кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ талош надошт таъсиргузорӣ ба интихоботро бо онҳо ҳамоҳанг кунад, ё ба эътибори рақиби падараш Ҳиллари Клинтон латма занад.
Баъзе намояндагони Конгресси ИМА мулоқоти Трампи хурдӣ бо Васелнитскаяро ба пахши емайлҳо аз тарафи Трампи калонӣ, дар таърихи 11 июл пайванд медиҳанд ва мегӯянд, ки "созиши пинҳонӣ бо Русия" ҷой дорад.
Сенатори демократ Рон Вайден мегӯяд, қазияи емайлҳо нишон медиҳад, ки писари Трамп дар пайи созиши пинҳонӣ бо кишвари хориҷии душманпеша мегашт, то демократияи Амрикоро хароб кунад.
Трамп ин иддаоро мазҳака ва муболиға хонд.