Қонунгузорони Ҷумҳурии Тотористони Русия Маскавро ба тамдиди созишномаи тақсими қудрат дар байни ҳукумати марказӣ ва минтақаҳо даъват карданд, ки замони иҷрояш 27 июл ба поён мерасад.
Аъзои Шӯрои давлатии Тотористон матни мурочиат ба раиси ҷумҳури Русия Владимир Путинро 11 июл тасвиб карданд. Тотористон аз Путин даъват кард, ин созишномаро ки Маскав даҳ сол пеш бо Тотористон, минтақаи пешрафтаи иқтисодӣ имзо карда буд, тамдид кунад.
Муроҷиатнома ҳамчунин аз Путин хостааст, ки мақоми раҳбари ҳукумати иҷроия чун пештара " президент" номида шавад. Ҳамаи ҷумҳуриҳои дигари Федератсиюни Русия бо фишори Маскав аз мақоми "президентӣ" даст кашиданд.
Қонунгузори Тотористон Николай Рибушкин дар ҷаласаи порлумон гуфт, дар сурати қабул нашудани ин пешниҳод, дастикам ба 14 банди Қонуни асосии Тотористон ва чандин қонуни сатҳи федеролӣ бояд таъғирот ворид шавад.