Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон мубориза бо бисёрзаниро пурзур мекунад


Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллии Узбакистон, мақомоти ин кишвар мубориза бо бисёрзаниро пурзур кардаанд ва талош доранд, ки занонро аз издивоҷҳои ғайриқонунӣ ҳимоят кунанд.

Тибқи лоиҳаи нави қонун, ки намояндагони мардумӣ дар порлумон ба баррасӣ гирифтаанд, руҳониёни дастдошта дар никоҳҳои пинҳонӣ ва мусоидат ба бисёрзанӣ, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

"Бархе афроди доро чанд зан доранд. Баъзеи онҳо бо вуҷуди қонунан манъ будан расман ақди никоҳ бастаанд ва баъзеи дигар танҳо никоҳ кардаанд", - мегӯяд намояндаи Кумитаи занони Ӯзбекистон дар ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд.

Қонунҳои амалкунандаи Узбакистон барои бисёрзанӣ ҷазо дар шакли то се соли зиндон ва ҷарима дар ҳаҷми аз 50 то 150 нишондоди маоши ҳадди ақалро пешбинӣ мекунанд. Дар чунин мавридҳо занон муҷозот намешаванд.

Вале дар қонунгузории феълии Ӯзбекистон имомҳое, ки бо никоҳи ғайриқонунӣ ба бисёрзанӣ мусоидат мекунанд, чизе гуфта нашудааст. Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ахиран гуфт, ки тибқи лоиҳаи қонуни нав, агар ходимони дин бе шаҳодатномаи давлатӣ никоҳ кунанд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG