Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳои зиддунақиз аз кушта шудани Абубакр Ал-Бағдодӣ


Cозмони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия ба нақл аз як фармондеҳи баландпояи гурӯҳи "Давлати исломӣ" марги Абубакр Ал-Бағдодӣ, раҳбари ин гурӯҳро таъйид кард. Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, Роми Абдураҳмон, мудири созмони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия эълом кард, ки як фармондеҳи баландпояи ДИИШ дар Дайр Аз-Зур рӯзи сешанбеи 11-уми июл хабари марги Абубакр Ал-Бағдодиро таъйид кард. Аммо таърихи марги ӯ ва чигунагии он маълум нест.

Як сайти хабарии ироқӣ низ субҳи сешанбе хабар дода буд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" бо нашри як баёнияи кӯтоҳ, кушта шудани Абубакр Ал-Бағдодиро таъкид карда ва эълом доштааст, ки ба зудӣ номи ба истилоҳ "халифаи нав"-ро эълом хоҳад кард.

Қаблан вазорати дифои Русия эълом карда буд, ки дар бамборони ҳавопаймоҳои ҷангии он кишвар дар атрофи шаҳри Раққа, эҳтимолан Абубакр Ал-Бағдодӣ кушта шудааст. Аммо вазорати дифои Амрико рӯзи сешанбеи 11-уми июл гуфт, ки маълумоти тасдиқкунандае дар мавриди марги Абубакр Ал-Бағдодӣ, дар ихтиёр надорад. Як мушовири баландпояи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 11-уми июл ба расонаҳои ин кишвар гуфт, ИМА ба таври фаврӣ ин гузоришҳоро таъйид карда наметавонад.

XS
SM
MD
LG