Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филми "Кӯҳистон" дар бораи ҷойҳои таърихии Тоҷикистон


Қалъаи Ҳисор.
Қалъаи Ҳисор.

Студияи “Тоҷикфилм” бори аввал як филми тасвирии таърихиву таълимии 15-дақиқагиро дар шакли “3D” ба навор гирифтааст. Толиб Раҳматуллоев, раҳбари Шӯрои бадеии “Тоҷикфилм” 11-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки филми “Кӯҳистон” дар маконҳои таърихии Тоҷикистон ба навор гирифта шуд ва акнун “Тоҷикфилм” мехоҳад онро ба яке аз шабакаҳои телевизионӣ, назири “Баҳористон” бифӯрашад ва сипас ҳамаи таълимгоҳҳои кишвар метавонанд онро ройгон ва бо таҷҳизоти муосир, ба тамошо гузоранд. Ҷаноби Раҳматуллоев ба далели сиррӣ будан, аз эълони ҳазинаи таҳияи ин филм худдорӣ кард.

Аммо, ба гуфтаи вай, ҳарчанд “Тоҷикфилм” аз соли 2014 ба навори филмҳои тасвирии шакли “3D” шурӯъ карда буд, вале ин аввалин таҷрибаи муваффақи чунин тарзи таҳияи филм будааст. Ҷаноби Раҳматуллоев дар посух ба ин савол, ки киностудияи “Тоҷикфилм” ба таҳияи боз чӣ филме машғул аст, гуфт, ки “мо тӯли як сол аст, ки ҳеҷ филмеро наворбардорӣ намекунем. Зеро барои ин кор пул надорем. Барномаи таҷдиди сохтори филмсозии Тоҷикистон соли 2018 оғоз мешавад ва сипас умедворем, ки сармоягузории ин бахш шурӯъ хоҳад шуд”.

Ба гуфтаи ҷаноби Раҳматуллоев, ҳоло студияи “Тоҷикфилм” зертобеи Кумитаи давлатии радио ва телевизиони кишвар аст ва бояд дар оянда ба муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” табдил дода шавад. Толиб Раҳматуллоев аз соли 1992 дар сохтори Радиои Тоҷикистон ва сипас дар Шабакаи аввали телевизиони кишвар кор кардааст. Аз соли 2010 вай раҳбари Шӯрои бадеии киностудияи “Тоҷикфилм” мебошад.

XS
SM
MD
LG