Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сӯхтори “РИО”-и Маскав ду қирғизистонӣ осеб дид


Маркази тиҷоратии "Рио" дар коми оташ. Маскав, 10 июли соли 2017
Маркази тиҷоратии "Рио" дар коми оташ. Маскав, 10 июли соли 2017

Сафорати Қирғизистон дар Русия хабар дод, ки рӯзи 10 июл дар натиҷаи сӯхтори маркази тиҷоратии “РИО”, воқеъ дар шимолу шарқи шаҳри Маскав 18 нафар осеб дид.

Ба маълумоти Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи Маскав, дар байни осебдидаҳо ду шаҳрванди Қирғизистон -- А. Р. ва Н. Т. низ ҳастанд, ки ба беморхонаи ёрии таъҷилии ба номи Н.В.Склифосовский интиқол ёфтанд.

Кормандони сафорати Қирғизистон дар Русия мегӯянд, бо намояндагони ин беморхона тамос гирифтанд ва ҳолати ду шаҳрванди кишварашон бӯҳронӣ арзёбӣ мешавад.

Ёдрас мешавем, тақрибан як сол пеш -- 27 августи соли 2016 нашриёте дар минтақаи шоҳроҳи Алтуфевои Маскав оташ гирифт ва дар паи он 17 зан, аз ҷумла 14 шаҳрванди Қирғизистон ҷон доданд.

XS
SM
MD
LG