Пайвандҳои дастрасӣ

Барномарези суиқасд ба ҷони Путин аз ӯ талаби шафқат кард


Иля Пянзин

Як шаҳрванди Қазоқистон, ки барои тарҳрезии суиқасд ба ҷони раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд, додгоҳро ба бахшандагӣ даъват кард.

Нашрияи "Коммерсант" ба нақл аз Марина, ҳамсари Иля Пянзин навиштааст, ки шавҳараш расман аз Путин даъват кард, ки гуноҳи ӯро бубахшад ва аз маҳбас озод кунад.

Пянзин соли 2012 дар шаҳри Одессаи Украина дар ҳоле боздошт шуд, ки бар асари таркиши бомбаи худсохт маҷрӯҳ шуда, дар ин ҳодиса як шарикаш ба ҳалокат расид. Боздошти Иля Пянзин роҳро ба дастгир шудани тарҳрези аслии суиқасд Адам Осмаеви чечентабор ҳамвор кард.

Пянзин аз Украина ба Русия истирдод шуд ва соли 2013 ҳукми зиндон гирифт. Моҳи ноябри соли 2014, баъди ишғоли Қрим аз тарафи Русия ва пуштибонии Маскав аз ҷудоталабон дар шарқи ин кишвар, равобити Киев ва Маскав комилан хароб шуд ва Украина иттиҳоми "суиқасд"-ро аз парвандаи Осмаев лағв кард. Ба Осмаев ҳамон мӯҳлатеро ҷазо таъйин карданд, ки ӯ дар боздоштгоҳ сипарӣ карда буд.

Рӯзи 1 июни соли равон Адам Осмаев дар Киев аз тири як ҳамлагар, ки худро рӯзноманигор муаррифӣ кард, захмӣ шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG