Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози амрикоӣ ба ҳамдастии ДИИШ муттаҳам мешавад


Селфӣ дар пасманзари плакати ДИИШ
Селфӣ дар пасманзари плакати ДИИШ

Як сарбози амрикоӣ бо иттиҳоми кӯмак ба гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" боздошт шуд.

Сержант Икаика Кангро рӯзи 8 июл дар аёлати Ҳаваӣ боздошт карданд ва ӯ рӯзи 10 июл дар ростои Додгоҳи федеролӣ қарор гирифт. Ин сарбоз ба интиқоли санадаҳои низомӣ ба афроде, ки ба назари ӯ бо ДИИШ наздик буданд, муттаҳам мешавад.Ба гуфтаи тафтишот, сарбоз Канг ба Абубакри Бағдодӣ байъат кард, дар харидории дрон барои ҷангиён даст дошт ва ҳамчунин барои ин гурӯҳ маводи видеоии таълимӣ таҳия мекард.

Вакили дифои сарбоз, ки ӯро додгоҳ таъин кардааст мегӯяд, бинобар шаркаташ дар ҷангҳои Ироқу Афғонистон эҳтимол Канг ба бемории равонӣ гирифтор шудааст.

Сержант Канг соли 2001, дафъатан баъди ҳамлаи террористии моҳи сентябр дар Амрико, хизмати ҳарбиро оғоз кард.

XS
SM
MD
LG