Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтугӯи сулҳи Сурия дар Женева оғоз шуд


Стаффан де Мистура - фиристодаи СММ дар умури Сурия

Фиристодаи махсуси СММ Стаффан де Мистура ҳангоми ифтитоҳи даври нави гуфтугӯи сулҳи Сурия дар шаҳри Женева гуфт, созишномаи ташкили минтақаҳои амн бояд як чораи муваққатӣ бошад ва набояд ин кишварро ба қисматҳо ҷудо кунад.

Оғози даври 7-уми гуфтугӯҳо ба рӯзи аввали оташбас дар ҷануби Сурия, дар пайи созиши ҳафтаи гузаштаи ИМА, Русия ва Урдун рост омад. Дар робита ба Сурия ин аввалин иқдоми сулҳҷӯёна, таҳти раҳбарии президент Доналд Трамп, берун аз доираи гуфтугӯҳои Женева аст.

Мистура хабар дод, ки дар шаҳри Аммони Урдун гуфтугӯи назорати оташбас дар ҷанубу ғарби Сурия сурат гирифт ва созишнома ба сурати умум риоя мешавад.

Намояндаи мухолифони Сурия дар суҳбат бо хабаргузории Франс Пресс гуфт, ки аз даври нави гуфтушунидҳо "интизориҳои кам" дорад. Даври шашуми гуфтугӯи Женева бо ҳузури Мистура низ бе пешрафти назаррас ба поён расид.

Мухолифони Сурия ҳамоно исрор доранд, ки президент Башор Асад бояд истеъфо диҳад ва ин шарт як бахши тамоми созишномаҳо хоҳад буд. Вале намояндагони ҳукумат мегӯянд, ин масъала набояд баррасӣ шавад.

Бар иловаи гуфтугӯҳои Женева, музокироти сулҳи Сурия бо сарпарастии Русия, Туркия ва Эрон дар Остона, пойтахти Қазоқистон низ баргузор мешавад. Ҷанги дохилии Сурия моҳи марти соли 2011 оғоз шуда, то ҳол дар натиҷаи он 320 ҳазор одам кушта ва миллионҳо нафар гуреза шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG