Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҷомеаи шаҳрвандии кишвар


Субҳи 11-уми июл дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе дидори президенти Тоҷикистон бо ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар робита ба 10-умин солгарди қабули қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, оғоз шуд. Ба иттилои маркази матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафи ин мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаҳои ҷомеа, ошноӣ "бо дархосту пешниҳоди нави шаҳрвандон ба хотири такмил додани санади муҳим ва ворид кардани тағйироту иловаҳо ба ин санад”, мебошад.

Раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки то баргузории ин мулоқот "тавассути телефонҳои боварӣ, почтаҳои электронӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма фикру дархост, таклифу пешниҳоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷамъ оварда шуд”. Шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон то имрӯз барномаҳои “Микрофони озод” роҳандозӣ карданд, ки дар онҳо шаҳрвандон пешниҳодҳои худро матраҳ мекарданд.

Маркази матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, ки "ҳадафи дигар ин мулоқот рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гиромидошти расму оинҳои аз байнрафта, ба таври шоиста муаррифӣ кардани арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни бою қадимаи миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад”.

Қонуни танзими расму оин дар Тоҷикистон соли 2007 тасвиб шуд. Ҳадафи ин қонун кам кардани хароҷоти тӯю сӯр ва маросими азодорӣ барои мардум гуфта мешавад. Қонуни танзим теъдоди меҳмонон дар арӯсиҳоро бо 150 нафар ва тӯли ин маросимро бо 3 соат маҳдуд мекунад.

Мақомот мегӯянд, ки ин тадбир ба хотири ҷиливгирӣ аз харҷҳои беҳуда ва ба қарз ғӯтидани оилаҳои камбизоат, ки намехоҳанд аз ҳамсояҳои худ кам биёянд, пиёда мешавад. Тибқи ин қонун, зодрӯз бояд танҳо дар ҳалқаи хонавода таҷлил шавад.

XS
SM
MD
LG