Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷангҳои пароканда дар Мавсили Ироқ идома доранд


Ироқ - корманди идораи федеролии пулис дар ҷашни озодии Шаҳри Куҳан, дар Мавсил духтарчаеро падарвор мебӯсад. 9 июли соли 2017

Дар ҳоле, ки нахуствазири Ироқ Ҳайдар ал-Ибодӣ рӯзи гузашта низомиёнро ба "пирӯзии бузурги бозпас гирифтани шаҳрм Мавсил" табрик гуфт, рӯзи 10 июл нерӯҳои ҳукуматии Ироқ задухурдро бо гурӯҳҳои парокандаи гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" идома доданд.

Телевизиони давлатии Ироқ рӯзи 10 июл аз даргириҳо дар "Шаҳри Кӯҳна" ва каронаи ғарбии рӯди Даҷла гузориш дод.

Генерали ироқӣ Ҳайдар Фадҳил ба телевизиони давлатӣ гуфт, ки раванди пок кардани шаҳр аз маводи тарканда, ва пинҳонгоҳҳои ДИИШ як муддат идома мекунад.

Рӯзи гузашта Ҳайдар ал Ибодӣ дар ҳоле, ки низомиёнро бо пирӯзӣ табрик мекард, гуфт, ки бахши умдаи ҷангиёни ДИИШ дар Мавсил кушта шуданд.

Гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" Мавсилро соли 2014 ба даст овард ва амалиёт бозбас гирфтани шаҳр беш аз 8 моҳ идома кард

Вазири умури хорҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф пирӯзии нерӯҳои Ироқро табрик гуфт ва афзӯд, ки "агар ироқиҳо даст ба дасти ҳам бидиҳанд, тавонмандии онҳо интиҳо нахоҳад дошт".

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG